Ҳизқиёл боби 5

Масал дар бораи теғи тез; аломати қаҳтӣ, вабо ва ҷанг.

  1. «ВА ту, эй писари одам, теғи тезе барои худ бигир, покуи сартарошонро барои худ бигир, ва онро бар сари худ ва бар риши худ бирон; ва тарозуе барои худ гирифта, мӯйҳоро тақсим намо.
  2. Сеякашро андаруни шаҳр ба оташ бисӯзон, вақте ки рӯзҳои муҳосира ба анҷом расад; ва сеякашро гирифта, дар атрофи он бо теғ бизан, ва сеякашро ба бод пароканда намо, ва Ман аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
  3. Ва адади каме аз он мӯйҳо гирифта, онҳоро дар домани худ бибанд.
  4. Ва аз онҳо боз бигир, ва онҳоро ба даруни оташ биандоз, ва онҳоро дар оташ бисӯзон; оташе аз он ба сӯи тамоми хонадони Исроил берун хоҳад омад.
  5. Парвардигор Худо чунин мегӯяд: ин Ерусалим аст, ки Ман онро дар миёни халқҳо ҷойгир кардаам, ва дар гирди он – кишварҳоро.
  6. Валекин он ба зидди дастурҳои Ман бадтар аз халқҳо, ва ба зидди фароизи Ман бадтар аз кишварҳое ки дар гирди он мебошанд, исён кард; зеро ки онҳо аз дастурҳои Ман нафрат карданд, ва фароизи Маро пайравӣ нанамуданд.
  7. Бинобар ин Парвардигор Худо чунин мегӯяд: азбаски шумо назар ба халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, зиёдтар бетартибӣ кардед, ва аз дастурҳои Ман нафрат намудед, ва фароизи Маро пайравӣ накардед, ва ҳатто бар тибқи дастурҳои халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, амал нанамудед,
  8. Бинобар ин Парвардигор Худо чунин мегӯяд: инак Ман низ ба ту зид ҳастам, ва андаруни ту дар пеши назари халқҳо довариҳо хоҳам намуд;
  9. Ва бар ту, ба сабаби тамоми аъмоли зишти ту, корҳое хоҳам кард, ки ҳаргиз накардаам, ва мисли онҳо дигар нахоҳам кард.
  10. Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.
  11. Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Парвардигор Худо, азбаски ту хонаи поки Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.
  12. Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.
  13. Ва чун ғазабам ба итмом расад, ва хашми Худро бар онҳо фурӯ резам, он гоҳ Ман тасаллӣ хоҳам ёфт, ва онҳо, баъд аз он ки хашми Худро бар онҳо фурӯ рехта ба итмом расонам, хоҳанд донист, ки Ман, ки Парвардигор ҳастам, дар қаҳри Худ сухан рондаам.
  14. Ва туро дар миёни халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, дар назари ҳар роҳгузар ба харобӣ ва шармандагӣ гирифтор хоҳам кард.
  15. Ва ҳангоме ки бар ту бо хашм ва ғазаб ва мазамматҳои сахт довариҳо намоям, ин барои халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, сабаби нанг ва дашном, ва ибрат ва даҳшат хоҳад буд; Ман, ки Парвардигор ҳастам, гуфтам.
  16. Ҳангоме ки Ман тирҳои шадиди қаҳтиро, ки барои ҳалокат мебошанд, бифиристам, Ман онҳоро барои талаф кардани шумо хоҳам фиристод, ва қаҳтиро бар шумо торафт сахт хоҳам кард, ва муттакои нони шуморо дарҳам хоҳам шикаст;
  17. Ва бар шумо қаҳтӣ ва ҳайвони даррандаро хоҳам фиристод, то ки туро бефарзанд гардонанд, ва вабо ва хун андаруни ту гузар хоҳанд кард, ва шамшере бар ту равона хоҳам намуд; Ман, ки Парвардигор ҳастам, гуфтам».

© IBT 1992

Оставьте комментарий