Ҳизқиёл боби 16

Дар бораи қабоҳатҳо дар Ерусалим.

  1. ВА каломи Парвардигор бар ман нозил шуда, гуфт:
  2. «Эй писари одам! Ерусалимро аз корҳои зишташ огоҳ намо,
  3. Ва бигӯй: Парвардигор Худо ба Ерусалим чунин мегӯяд: насаб ва зодгоҳи ту аз замини Канъон аст; падарат амӯрӣ ва модарат ҳиттӣ буд.
  4. Ва таваллуди ту чунин аст: дар рӯзе ки зоида шудӣ, нофатро набуриданд, ва туро дар об барои татҳир ғусл надоданд, ва намакоб намолиданд, ва парпеч накарданд.
  5. Чашме бар ту нигоҳубин накард, то ки ба ту дилсӯзӣ намуда, яке аз ин корҳоро барои ту ба ҷо оварад; балки дар рӯзе ки ту зоида шудӣ, аз ҳаёти ту нафрат карда, туро бар рӯи саҳро партофтанд.
  6. Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дар хунҳоят ҷӯлида дидам, ва ба ту гуфтам: «Дар хунҳоят зинда бимон!» Ва ба ту гуфтам: «Дар хунҳоят зинда бимон!»
  7. Ва туро мисли набототи саҳро бағоят афзун кардам, ва ту нумӯ ёфта, калон шудӣ ва ба камоли ҳусну адо расидӣ: пистонҳоят баданд ва мӯйҳоят дароз шуд, вале ҳанӯз бараҳна ва урён будӣ.
  8. Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дидам, ва инак, замони ту замони муҳаббат буд, ва Ман сояи Худро бар ту паҳн кардам, ва урёнии туро пӯшонидам, ва ба ту қасам хӯрдам, ва бо ту паймон бастам, мегӯяд Парвардигор Худо, ва ту аз они Ман шудӣ.
  9. Ва туро дар об ғусл додам, ва хунҳоятро аз баданат шустам, ва туро бо равған тадҳин намудам.
  10. Ва туро пероҳани гулдӯзӣ, ва кафши чармин, ва рӯймоли катони нозук, ва ҷомаи абрешимин пӯшонидам.
  11. Ва туро бо асбоби зинат оро дода, дастпонаҳо бар дастҳоят ва тавқ бар гарданат ниҳодам.
  12. Ва ҳалқа бар биният, ва гӯшвораҳо бар гӯшҳоят, ва афсари ҷалол бар сарат гузоштам.
  13. Ва ту бо тилло ва нуқра зинат ёфтӣ, ва либосат аз катони нозук ва абрешим ва матои гулдӯзӣ иборат буд; орди маҳин ва асал ва равған мехӯрдӣ, ва ҳусну адоят ниҳоятдараҷа афзуда, ту сазовори шавкати подшоҳӣ гардидӣ.
  14. Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид, мегӯяд Парвардигор Худо.
  15. Валекин ту бар ҳусни худ таваккал намудӣ, ва аз номи худ истифода бурда, зино кардӣ, ва зинои худро бар ҳар роҳгузаре фурӯ рехтӣ, ва ҳуснат аз они вай шуд.
  16. Ва аз либосҳои худ гирифта, барои худ баландиҳои рангин сохтӣ, ва бар онҳо зино кардӣ, ки чунин ҳодиса ҳаргиз рӯй надодааст ва набояд рӯй диҳад.
  17. Ва асбоби зинати худро аз тилло ва нуқраи Ман, ки ба ту дода будам, гирифта, бутҳои нарина барои худ сохтӣ, ва бо онҳо зино кардӣ.
  18. Ва либосҳои гулдӯзии худро гирифта, бар он бутҳо пӯшондӣ, ва равған ва бухури Маро пеши онҳо гузоштӣ.
  19. Ва нони Маро, ки ба ту дода будам, орди маҳин ва равған ва асалеро, ки хӯроки ту гардонида будам, ту пеши онҳо ҳамчун хушбӯии дилпазире гузоштӣ, ва чунин шуд, мегӯяд Парвардигор Худо.
  20. Ва писарону духтаронатро, ки барои Ман зоида будӣ, гирифта, ба сифати хӯроки бутҳо забҳ кардӣ. Оё зинокории ту кам буд,
  21. Ки писарони Маро кушта, ба онҳо додӣ, ба тавре ки барояшон онҳоро аз оташ гузарондӣ.
  22. Ва дар тамоми аъмоли зишт ва зинокории худ ту айёми ҷавонии худро ба ёд наовардӣ, ки он вақт бараҳна ва урён буда, дар хунҳоят ҷӯлида мехобидӣ.
  23. Ва Парвардигор Худо мегӯяд: эй вой бар ту, вой бар ту, ки баъд аз ҳамаи бадкирдориҳои худ
  24. Ту теппаҳо барои худ сохтӣ, ва баландиҳо дар ҳар майдон барои худ барпо кардӣ.
  25. Дар сари ҳар роҳ баландиҳои худро сохта, ҳусни худро нангин кардӣ, ва барои ҳар роҳгузаре пойҳои худро кушода, зиноҳоятро афзун намудӣ.
  26. Ва бо ҳамсоягони худ – писарони Миср, ки узви бузург доранд, зино кардӣ, ва зинокории худро афзуда, хашми Маро ба ҷӯш овардӣ.
  27. Ва инак Ман дасти Худро бар ту ёзонида, насибаатро кам кардам, ва туро ба иштиёқи бадхоҳонат – духтарони фалиштӣ, ки аз рафтори фоҳишонаи ту шарм доштанд, супурдам.
  28. Ва азбаски сер нашудӣ, бо писарони Ашшур зино кардӣ; вале бо онҳо низ зино карда, сер нашудӣ.
  29. Ва зинокории худро то замини тоҷирон, яъне калдониён, афзун кардӣ, вале бо ин низ сер нашудӣ.
  30. Дили ту чӣ қадар бемаҷол шуда бошад – мегӯяд Парвардигор Худо, – ки тамоми ин аъмолро, ки аъмоли зани фоҳишаи худсар аст, ба ҷо овардаӣ!
  31. Вақте ки ту теппаҳои худро дар сари ҳар роҳ сохтӣ, ва баландиҳои худро дар ҳар майдон барпо кардӣ, мисли фоҳишаҳои дигар набудӣ, чунки музди зиноятро тамасхур менамудӣ,
  32. Балки зани зинокоре будӣ, ки ба ҷои шавҳари худ бегонаҳоро мепазирад.
  33. Ба ҳамаи фоҳишагон музди зино медиҳанд, валекин ту ба ҳамаи ошиқонат музди зиноятро медодӣ, ва онҳоро бо ришва мехаридӣ, то ки аз ҳар тараф назди ту барои зинокориҳоят биёянд.
  34. Ва рафтори ту дар зинокорият бар акси занони дигар буд: касе толиби зинои ту набуд, аз ин рӯ ту музди зино медодӣ, вале касе ба ту музди зино намедод, ва рафторат ҳамин тавр бар акси дигарон буд.
  35. Бинобар ин, эй фоҳиша, каломи Парвардигорро бишнав!
  36. Парвардигор Худо чунин мегӯяд: аз барои он ки аврати ту кушода шуд, ва урёнии ту дар зинокориҳоят пеши ошиқони ту ва пеши ҳамаи бутҳои қабеҳи ту ошкор гардид, ва аз барои хуни писаронат, ки ба онҳо додӣ, –
  37. Аз барои ҳамин, инак Ман ҳамаи ошиқонатро, ки бо онҳо кайфу сафо мекардӣ, ва ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, бо ҳамаи онҳое ки бад медидӣ, ҷамъ хоҳам кард; ва онҳоро аз ҳар тараф ба муқобили ту ҷамъ карда, урёнии туро пеши онҳо ошкор хоҳам кард, то ки онҳо урёнии туро бубинанд.
  38. Ва бар ту чун бар заноне ки зино мекунанд ва хун мерезанд, доварӣ хоҳам намуд, ва хунатро бо ғазаб ва рашк хоҳам рехт.
  39. Ва туро ба дасти ошиқонат хоҳам супурд, ва онҳо теппаҳоятро вайрон ва баландиҳоятро хароб хоҳанд кард, ва либосҳоятро аз ту хоҳанд кашид, ва асбоби зебу зинататро хоҳанд гирифт, ва туро бараҳна ва урён хоҳанд гузошт.
  40. Ва издиҳомеро ба зидди ту бархезонида, бо сангҳо туро сангсор хоҳанд намуд, ва бо шамшерҳои худ туро пора-пора хоҳанд кард.
  41. Ва хонаҳоятро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва дар пеши назари занони бисёр бар ту доварӣ хоҳанд кард, ва Ман ба зинокории ту хотима хоҳам дод, ва ту дигар музди зино нахоҳӣ дод.
  42. Ва хашми Худро бар ту фурӯ хоҳам нишонид, ва рашки Ман аз ту хоҳад баргашт, ва Ман ором шуда, дигар ғазаб нахоҳам кард.
  43. Аз барои он ки айёми ҷавонии худро ба ёд наовардӣ, ва Маро бо ҳамаи ин хашмгин кардӣ, инак Ман низ подоши рафторатро бар сарат овардам, мегӯяд Парвардигор Худо. Оё ту ин фисқу фуҷурро ба замми ҳамаи корҳои зишти худ ба амал наовардӣ?
  44. Инак, ҳар кӣ масал мезанад, дар ҳаққи ту масал зада, хоҳад гуфт: «Духтар чӣ гуна аст, модар намуна аст».
  45. Ту духтари модари худ ҳастӣ, ки вай аз шавҳар ва писаронаш нафрат дошт; ва ту хоҳари хоҳарони худ ҳастӣ, ки онҳо аз шавҳарон ва писарони худ нафрат доштанд. Модари шумо ҳиттӣ буд, ва падари шумо – амӯрӣ.
  46. Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.
  47. Оё ту бо роҳҳои онҳо нарафтӣ ва мисли корҳои зишти онҳо амал накардӣ? Ин ба назари ту кам буд, ки дар тамоми рафтори худ аз онҳо зиёдтар ба фисқу фуҷур дода шудӣ.
  48. Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегуяд Парвардигор Худо, хоҳарат Садӯм, худаш ва духтаронаш, он корҳоро накардаанд, ки ту ва духтаронат кардаед.
  49. Инак, гуноҳи хоҳарат Садӯм аз ин иборат буд: кибриё, фаровонии нон ва фароғати комил барои вай ва духтаронаш буд, вале мискину бенаворо вай дастгирӣ накард.
  50. Ва онҳо гирифтори ғурур гардида, пеши Ман корҳои зишт карданд, ва инро дида, онҳоро нобуд намудам.
  51. Ва Сомария нисфи гуноҳҳои туро содир нанамудааст, ва ту корҳои зишти худро аз онҳо зиёд кардӣ, ва бо ҳамаи корҳои зишти худ, ки ба амал овардӣ, хоҳаронатро сафед намудӣ.
  52. Пас ту низ, ки хоҳаронатро маҳкум менамудӣ, бори нанги худро бардор; назар ба гуноҳҳои ту, ки аз онҳо зиёдтар корҳои зишт кардӣ, онҳо аз ту сафедтар мебошанд; пас ту низ, ки хоҳаронатро сафед намудӣ, хиҷил шав ва бори нанги худро бардор.
  53. Ва Ман асорати онҳоро: асорати Садӯм ва духтаронаш, ва асорати Сомария ва духтаронаш, ва дар миёни онҳо асорати асирони туро хоҳам баргардонид,
  54. То ки ту бори нанги худро бардорӣ, ва аз ҳар чи кардаӣ, нангин шавӣ, чунки онҳоро тасаллӣ додаӣ.
  55. Ва хоҳаронат: Садӯм ва духтаронаш ба вазъияти пештараи худ хоҳанд баргашт; ва Сомария ва духтаронаш ба вазъияти пештараи худ хоҳанд баргашт; ва ту ва духтаронат ба вазъияти пештараи худ хоҳед баргашт.
  56. Оё хоҳарат Садӯм дар айёми кибриёи ту вирди забони ту набуд,
  57. Пеш аз он ки шарорати ту ошкор гардид, мисли он замоне ки духтарони Арам ва тамоми гирду атрофи он туро мазаммат мекарданд, ва духтарони фалиштиён, ки аз ҳар ҷониб аз ту нафрат доштанд?
  58. Пас ҷазои фисқу фуҷур ва корҳои зишти худро ту акнун хоҳӣ кашид, мегӯяд Парвардигор.
  59. Зеро ки Парвардигор Худо чунин мегӯяд: Ман бо ту ончунон амал хоҳам кард, ки ту амал кардаӣ, яъне савгандро хор дониста, паймонро шикастаӣ.
  60. Валекин Ман паймони Худро, ки дар айёми ҷавоният бо ту бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва паймони ҷовидоние бо ту аз нав барқарор хоҳам кард.
  61. Ва ту рафтори худро ба ёд оварда, хиҷил хоҳӣ шуд, вақте ки хоҳарони калонӣ ва хурдии худро қабул намоӣ, ва Ман онҳоро ба ту ҳамчун духтарон бидиҳам, вале на бар тибқи паймони ту,
  62. Балки Ман паймони Худро бо ту аз нав барқарор хоҳам кард, ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Парвардигор ҳастам,
  63. То ки ту ба ёд оварда, хиҷил шавӣ, ва минбаъд ба сабаби нанги худ даҳонатро накушоӣ, вақте ки Ман ҳар чиро, ки ту кардаӣ, ба ту биомурзам, мегӯяд Парвардигор Худо».

© IBT 1992

Оставьте комментарий