Дониёл боби 9

Рӯъё дар бораи ҳафтод ҳафтсола.

  1. ДАР соли аввали Дорёвеш ибни Аҳашверӯш аз насли Модай, ки бар мамлакати калдониён подшоҳ шуда буд, –
  2. Дар соли аввали подшоҳии ӯ ман, Дониёл, дар китобҳо ба шумораи солҳо диққат додам, ки каломи Парвардигор дар бораи он ба Ирмиёи набӣ нозил шуда буд, ки ба харобии Ерусалим ҳафтод сол пур хоҳад шуд.

Дуо дар бораи қавми Исроил.

  1. Ва ман рӯи худро сӯи Парвардигор Худо нигаронидам, то ки бо дуо ва тазаррӯъҳо, ба василаи рӯзадорӣ ва палос ва хокистар илтимос намоям.
  2. Ва пеши Парвардигор Худои худ дуо гуфта ва эътироф намуда, гуфтам: «Лутфан, эй Парвардигор, Худои бузург ва саҳмгин, ки паймон ва марҳаматро ба дӯстдорони Худ ва ба риоякунандагони аҳкоми Худ нигоҳ медорӣ!
  3. Мо гуноҳ кардаем ва гумроҳ шудаем, шарирона рафтор намудаем ва осӣ гардидаем, аз аҳкоми Ту ва аз дастурҳои Ту рӯй гардондаем,
  4. Ва ба бандагонат анбиё, ки ба номи Ту ба подшоҳони мо, ба сарварон ва падарони мо ва ба тамоми қавми мамлакат сухан меронданд, гӯш надодаем.
  5. Адолат аз они Туст, эй Парвардигор, ва хиҷолат аз они мост, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст, – аз они мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва ҳамаи исроилиёни наздик ва дур, дар ҳамаи кишварҳое ки Ту онҳоро барои хиёнате ки дар ҳаққи Ту кардаанд, ба он ҷо пароканда намудаӣ.
  6. Парвардигоро! Хиҷолат аз они мост, – аз они подшоҳони мо ва сарварони мо ва падарони мо, чунки ҳамаи мо пеши Ту гуноҳ кардаем.
  7. Аммо Парвардигор Худои мо дорои раҳм ва омурзишҳост, гарчанде ки ба Ӯ осӣ шудаем,
  8. Ва ба овози Парвардигор Худои мо гӯш надодаем, то бар тибқи таълимоти Ӯ, ки ба воситаи бандагонаш анбиё ба мо пешниҳод кардааст, рафтор намоем.
  9. Ва тамоми Исроил Тавроти Туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардондаанд, то ки ба овози Ту гӯш надиҳанд, ва аз ин сабаб лаънат ва савганде ки дар Тавроти Мусои бандаи Худо навишта шудааст, бар мо рехта шуд, зеро ки мо пеши Ӯ гуноҳ кардаем.
  10. Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;
  11. Тамоми ин мусибат, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бар мо омадааст; валекин мо пеши Парвардигор Худои мо тазаррӯъ накардаем, то ки аз маъсиятҳои худ даст кашем ва ростии Туро дарк намоем.
  12. Ва Парвардигор бар ин мусибат исрор намуда, онро бар мо овард, зеро ки Парвардигор Худои мо дар ҳамаи корҳое ки мекунад, одил аст, вале мо ба овози ӯ гӯш надодаем.
  13. Ва алҳол, эй Парвардигор Худои мо, ки қавми Худро аз замини Миср бо дасти қавӣ берун оварда, барои Худ, чунон ки имрӯз аст, ном пайдо кардаӣ, – мо гуноҳ кардаем, шарирона рафтор намудаем.
  14. Парвардигоро! Лутфан, бар ҳасби тамоми адолати Ту, бигзор хашми Ту ва ғазаби Ту аз шаҳри Ту Ерусалим, аз кӯҳи поки Ту баргардад, зеро ки аз боиси гуноҳҳои мо ва маъсиятҳои падарони мо Ерусалим ва қавми Ту дар назари ҳамаи онҳое ки дар гирду пеши мо ҳастанд, шармсор гардидааст.
  15. Ва алҳол, эй Худои мо, дуои бандаи Худ ва тазаррӯъҳои ӯро бишнав, ва рӯи Худро бар қудси вайронаи Худ, ба хотири Парвардигор, мунаввар намо.
  16. Гӯши Худро, эй Худои ман, хам намо ва бишнав, ва чашмони Худро бикшо ва бар вайронаҳои мо ва бар шаҳре ки ба номи Ту хонда шудааст, бингар; зеро ки мо на ба сабаби адолати худ, балки ба сабаби марҳаматҳои зиёди Ту тазаррӯъҳои худро пеши пои Ту меандозем.
  17. Парвардигоро, бишнав! Парвардигоро, биомурз! Парвардигоро, гӯш дода, ба амал овар! Ба хотири Худат, эй Худои ман, даранг накун, зеро ки шаҳри Ту ва қавми Ту ба номи Ту хонда шудаанд».

Ҷаброил маънои ҳафтсолаҳоро таъбир мекунад.

  1. Ва ҳанӯз ман сухан мерондам, ва дуо мегуфтам, ва гуноҳи худам ва гуноҳи қавми ман Исроилро эътироф менамудам, ва тазаррӯи худро пеши пои Парвардигор Худои ман, бар кӯҳи поки Худои ман меандохтам, –
  2. Ва ҳанӯз ман дар дуо сухан мерондам, он мард Ҷаброил, ки ӯро дар рӯъёи аввал дида будам, зуд парвоз намуда, қариби вақти ҳадияи шом ба ман расид,
  3. Ва зеҳни маро равшан карда, гуфт: «Эй Дониёл! Алҳол берун омадам, то туро фаҳмиш биомӯзам.
  4. Дар аввали тазаррӯъҳоят каломе баромад, ва ман омадам, ки хабар диҳам, зеро ки ту дилхоҳ ҳастӣ; пас, ба он калом диққат намо ва рӯъёро бифаҳм.
  5. Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри поки ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва поки покҳо тадҳин карда шавад.
  6. Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд.
  7. Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд, ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.
  8. Ва ӯ паймонро бо мардуми бисёр як ҳафтсола мустаҳкам хоҳад кард, ва қурбонию ҳадияро дар нисфи ин ҳафтсола барҳам хоҳад дод; ва харобкунанда дар сояи қабоҳатҳо вуҷуд хоҳад дошт, то даме ки ҳалокати қатъӣ ба сари харобкунанда биёяд».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s