Омӯс боби 6

Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво мебошанд.

  1. ВОЙ ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, – ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!
  2. Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?
  3. Онҳое ки рӯзи бадро дур меандозанд, ва ҳокимияти ситамро наздик меоваранд;
  4. Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд, ва бар бистарҳои худ меёзанд, ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;
  5. Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусиқӣ ихтироъ мекунанд;
  6. Онҳое ки аз косаҳо шароб менӯшанд, ва худро бо равғанҳои беҳтарин тадҳин менамоянд, ва дар бораи шикасти Юсуф афсӯс намехӯранд, –
  7. Бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт, ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт.
  8. Парвардигор Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Парвардигор Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».
  9. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар даҳ одам дар як хона боқӣ монда бошанд, онҳо низ хоҳанд мурд.
  10. Ва ҳангоме ки вайро хешованди вай ва сӯзонандаи вай бардорад, то ки устухонҳоро аз хона берун оварад, ва ба касе ки дар як гӯшаи хона бошад, бигӯяд: «Оё боз касе бо ту ҳаст?», вай ҷавоб хоҳад дод: «Ҳеҷ кас нест»; ва ӯ хоҳад гуфт: «Хомӯш бош! – то ки номи Парвардигор зикр карда нашавад».
  11. Зеро инак, Парвардигор амр мефармояд, ва хонаи калон гард-гард мешавад, ва хонаи хурд – пора-пора.
  12. Оё аспон бар сахра метозанд? Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст? Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед, ва самари адолатро – ба явшон.
  13. Шумо, ки аз ночизе шод мешавед ва мегӯед: «Оё бо қуввати худ шохҳо барои худ ба даст наовардем?» –
  14. «Инак Ман», мегӯяд Парвардигор Худои лашкарҳо, «халқеро бар зидди шумо, эй хонадони Исроил, бармеангезам, ва шуморо аз даромадгоҳи Ҳамот то наҳри Аробо ба танг хоҳанд овард».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s