Юил боби 3

Аз нав барқарор кардани Исроил ва доварӣ дар водии Еҳӯшофот.

  1. ЗЕРО кн инак, дар он айём ва дар он замон, ҳангоме ки асирони Яҳудо ва Ерусалимро баргардонида бошам,
  2. Ман ҳамаи халқҳоро ҷамъ карда, ба водии Еҳӯшофот хоҳам овард, ва дар он ҷо бар онҳо барои қавми Худ ва мероси Худ – Исроил доварӣ хоҳам намуд, ки вайро онҳо дар миёни халқҳо пароканда сохта, замини Маро тақсим кардаанд,
  3. Ва бар қавми Ман қуръа партофтаанд, ва писареро дар ивази фоҳиша додаанд, ва духтареро дар ивази шароб фурӯхтаанд, то ки бинӯшанд.
  4. Ва шумо низ, эй Сӯр ва Сидӯн ва ҳамаи ноҳияҳои Фалиштӣ, дар ҳаққи Ман чиҳо кардед? Оё шумо мехоҳед Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед? Ва агар шумо Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед, Ман бо осонӣ ва ба зудӣ ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид.
  5. Азбаски шумо нуқра ва тиллои Маро гирифтед, ва беҳтарин колои гаронбаҳои Маро ба қасрҳои худ даровардед,
  6. Ва писарони Яҳудо ва писарони Ерусалимро ба писарони юнониён фурӯхтед, то ки онҳоро аз ҳудудашон дур кунед, –
  7. Инак, Ман онҳоро аз маконе ки онҳоро ба он ҷо фурӯхтед, хоҳам бархезонид, ва ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид,
  8. Ва писарону духтарони шуморо ба дасти писарони Яҳудо хоҳам фурӯхт, то ки онҳоро ба шабоиён, ба халқи дурдасте бифрӯшанд, зеро ки Парвардигор гуфтааст.
  9. Инро дар миёни халқҳо эълон кунед, омодаи ҷанг шавед, паҳлавононро бархезонед; бигзор ҳамаи мардони ҷангӣ бархоста, наздик оянд.
  10. Позаҳои худро барои шамшерҳо, ва досколаҳои худро барои найзаҳо бишканед; бигзор камқувват гӯяд: «Ман паҳлавон ҳастам».
  11. Шитоб намоед ва биёед, эй ҳамаи халқҳои гирду атроф, ва ҷамъ шавед; паҳлавонони Худро, эй Парвардигор, ба он ҷо фурӯд овар.
  12. Бигзор халқҳо бархоста, ба водии Еҳӯшофот биёянд, зеро ки Ман дар он ҷо хоҳам нишаст, то ки бар ҳамаи халқҳои гирду атроф доварӣ намоям.
  13. Досро ба кор андозед, зеро ки ҳосил расидааст; биёед, пахш кунед, зеро ки ангурдон пур шудааст, чархуштҳо лабрез гардидааст, зеро ки шарорати онҳо азим аст.
  14. Издиҳомҳо, издиҳомҳо дар водии доварӣ; зеро ки рӯзи Парвардигор дар водии доварӣ наздик аст.
  15. Офтоб ва моҳ тира мешаванд, ва ситорагон дурахшонии худро гум мекунанд.
  16. Ва Парвардигор аз Сион наъра мезанад, ва аз Ерусалим овози Худро мебарорад, ва осмону замин ба ларза меоянд; вале Парвардигор паноҳгоҳ барои қавми Худ, ва истеҳком барои банӣ Исроил хоҳад буд.

Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд.

  1. Ва хоҳед донист, ки Ман Парвардигор Худои шумо ҳастам, ки дар кӯҳи поки Худ – Сион сукунат дорам; ва Ерусалим пок хоҳад буд, ва бегонагон дигар аз он гузар нахоҳанд кард.
  2. Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки аз кӯҳҳо оби ангур хоҳад чакид, ва бар талҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд, ва ҳамаи рӯдхонаҳои Яҳудо пуроб хоҳанд гардид, ва чашмае аз хонаи Парвардигор берун омада, водии Шиттимро сероб хоҳад кард.
  3. Миср вайрона хоҳад шуд, ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт, аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ Яҳудо карданд, яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.
  4. Валекин Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд, ва Ерусалим – то абадуддаҳр.
  5. Ва Ман интиқоми хуни онҳоро, ки ҳанӯз нагирифтаам, хоҳам гирифт, ва Парвардигор дар Сион сукунат хоҳад дошт».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s